«ДӮСТИИ АБАДӢ». Таҳту чунин унвон барномаи фарҳангии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 8 июл дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» таҳти унвони «Дӯстии абадӣ» барномаи фарҳангии арбобони санъати Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар барномаи пурмуҳтавои фарҳангии ҳунармандон ва гурӯҳҳои эҷодии Тоҷикистон ва Қирғизистон оҳангу сурудҳои мазмунан фарогири савту навои дӯстиву бародарӣ ва накуҳамсоягиро пешниҳод менамоянд.
Инчунин 9 июл, соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнии шаҳри Душанбе барномаи фарҳангии ҳунармандони Қирғизистон доир мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати ҳунарии Ҷумҳурии Қирғизистон 6 июл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Дар назар аст, ки дар доираи чорабиниҳои фарҳангӣ ҳайати меҳмонон Осорхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Маҷмааи Истиқлол ва мавзеъҳои зебои дараи Варзобро тамошо хоҳанд намуд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






