Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

Июль 10, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар фароғатгоҳи иттифоқи касабаи соҳаи маорифи шаҳри Панҷакент, ки дар мавзеи хушобу ҳавои «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм воқеъ аст, 100 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ«Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар доданд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар давраи таътили тобистона дар се навбат дар «Чиларча» 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки имсол бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, шуъбаи маориф ва иттифоқи касабаи соҳа дар ин мавзеъ барои истироҳати хонандагон ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё шудааст. Истироҳаткунандагон рӯзе чор маротиба бо хӯроки серғизо таъмин буда, дар хобгоҳи барҳаво истироҳат менамоянд.

Майдончаи варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ низ дар ихтиёри хонандагон буда, онҳо тибқи реҷа бо роҳнамоии мураббияҳо ба мусобиқаҳои варзишӣ, шеърхонӣ, расмкашӣ, мутолиаи адабиёти бадеӣ ва шоҳмоту шашкабозӣ машғул мешаванд. Вазъи саломатии онҳо зери назорати духтур қарор дорад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

Июль 10, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад