Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд

Июль 10, 2025 19:40

ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати 249-солагии Истиқлолияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ҳайатҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва доираи васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок намуданд.

Дар чорабинӣ паёмҳои аҳамияти ҳамкории байни ду кишвар ва пешрафт дар равобити дипломатӣ шунида шуд.

Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллер таъкид намуд, ки ин санаи таърихӣ на танҳо барои мардуми кишвараш, балки барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ, ки ба арзишҳои демократӣ арҷ мегузоранд, муҳим мебошад.

«Мо дар ин рӯз арзишҳои  вобаста ба ҳуқуқи инсон ва демократияро гиромӣ медорем  ва онҳо  арзишҳое мебошанд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тӯли таърихи мавҷудияти худ аз онҳо  пуштибонӣ намудааст», — иброз дошт Мануэл Микаллер .

Чорабинӣ бо барномаи фарҳангӣ ва мусиқии гуногун, намоишҳои таърихӣ ва мазмунҳои ҳунарии муаррифгари равобити дӯстонаи Тоҷикистону Амрико идома ёфт. Дар доираи таҷлили рӯзи истиқлолияти Амрико  ҳамчунин намоишгоҳ баргузор гардид, ки ба рамзҳои миллӣ ва фарҳангии Иёлоти Муттаҳида, инчунин ҷанбаҳои таърихии истиқлолияти он бахшида шуда буд.

Ҳамзамон иштирокдорон дар мавриди дурнамои густариши ҳамкории Тоҷикистону Иёлоти Муттаҳида дар бахшҳои иқтисод, маориф, рушд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ табодули афкор намуданд.

Таъкид карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо  ба   таҳкими муносиботи дуҷониба ва муаррифии фарҳангу суннатҳои ҳар ду кишвар мусоидат менамояд.

АКС: Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 10, 2025 19:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст