Дар Душанбе бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии рушд масоили рушди инфрасохтори гумрукӣ баррасӣ шуд

Июль 19, 2025 10:00

ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 15 июл дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми Сардори Хадамоти гумрук Азим Турсунзода бо ҳайати намояндагони Бонки Осиёии рушд таҳти роҳбарии Дэвид Фэй баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумрук иттилоъ доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди инфрасохтори гумрукӣ, аз ҷумла муосирсозӣ ва тақвияти иқтидори гузаргоҳи гумрукии «Фотеҳобод»-ро, ки дар марзи Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир аст, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки ин гузаргоҳ барои рушди ҳамкории иқтисодии минтақа дорои аҳамияти калидӣ буда, ниёз ба таҷҳизоти муосири техникӣ, низомҳои иттилоотии рақамӣ ва афзоиши иқтидори хизматрасонӣ дорад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ ҳамзамон «Барномаи миёнамуҳлати рушди мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025–2029» муаррифӣ ва муҳокима гардид. Ҷонибҳо ба панҷ самти асосии стратегияи мазкур таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Намояндаи Бонки Осиёии рушд Тирел Дункан омодагии бонкро барои баррасии имконоти маблағгузории лоиҳаҳои пешниҳодшуда изҳор дошт.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои дақиқсозии маълумоти техникии лоиҳа, ҳамоҳангсозии амалҳои минбаъда дар доираи ташаббусҳои пешниҳодшуда, инчунин баррасии муфассали масъалаҳои гумрукӣ дар доираи «Стратегияи миллии рушди соҳаи нақлиёт то соли 2040» мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо натиҷаи мулоқотро судманд арзёбӣ намуда, барои идомаи ҳамкорӣ бо мақсади таҳияи ҷузъиёти зарурии лоиҳаҳо ва татбиқи ташаббусҳои пешниҳодшуда ибрози омодагӣ намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 19, 2025 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд