Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июл бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ (криосфера) президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо сафирони ҷумҳуриҳои Фаронса, Ҷопон ва Шветсария дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки ҳифзи пиряхҳо яке аз ҳадафҳои асосии ташаббусҳои байналмилалии илмӣ ба шумор меравад, ки ба муҳофизати хотираи иқлим ва муҳити зисти сайёра равона шудааст.
Таъкид гардид, ки соли 2023 дар ҳамоиши «One Planet-One Summit» дар шаҳри Париж Президенти Фаронса Эммануэл Макрон ташаббуси «Ісе Метогу»-ро ҳамчун унсури калидии даҳсолаи криосфера тавсиф намуд. Ин иқдом 13 августи соли 2024, зимни баргузории Иҷлосияи 78-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи наве таҳти унвони «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025-2034» бо иттифоқи оро қабул гардид.
Ин даҳсола ташаббуси 6-уми ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Фаронса пешбарӣ гардидааст. Қабули чунин ташаббуси муҳим дар шароити ҳозираи тағйирёбии иқлим, ки таъсири аз ҳама бештари он ба пиряхҳо мерасад, муҳим ва саривақтӣ буда, ҷомеаи ҷаҳонро ба пажуҳиши амиқи илмии пиряхҳо даъват менамояд.
Дар ин замина ҳадафи ин лоиҳа ҷамъоварӣ ва нигоҳдории кернҳои ях аз 20 пиряхи зери хатари обшавӣ бо мақсади таъсиси як бойгонии яхӣ дар Антарктида мебошад. Ин бойгонӣ дар пойгоҳи ягонаи байналмилалии «Конкордия» воқеъ буда, аз ҷониби Фаронса ва Италия дар як қисми ҳамвору баландкӯҳи Антарктида идора мешавад. Инчунин имкони нигоҳдории доимии намунаҳоро дар ҳарорати 50°С фароҳам меоварад.
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки барои идомаи ҷамъоварии ин намунаҳо, гурӯҳи байналмилалии олимон бо номи «Рamir Project» мақсад дорад моҳи сентябри соли равон дар «Парки миллии Помир» корҳои саҳроӣ анҷом диҳанд. Ҷойи интихобшуда кӯҳи Кон-Чуқурбошии ноҳия Мурғоб мебошад.
Гурӯҳи байналмилалии олимон дар ин кӯҳ гирифтани ду керни яхии 100-метра ба нақша гирифтаанд. Яке аз ин намунаҳо барои нигоҳдории дарозмуддат ба Антарктида интиқол дода мешавад.
Дар охир ҷонибҳо барои таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар ин самт ва барои ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидан изҳори қаноатмандӣ намуданд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Дар мавриди фоидаи ғизо ва нӯшокиҳо барои саломатӣ дар фасли зимистон
Китоби «Сотим Улуғзода дар шинохти Пешвои миллат» ба нашр расид
Бахшида ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд






