Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад

Июль 8, 2025 14:08

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форумро Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ва Вазири иқтисод ва тиҷорати Ҷумҳурии Қирғизистон Бакит Сидиқов ифтитоҳ намуданд.

Ба иштирокдорони форум наворҳои видеоӣ оид ба имкониятҳои сармоягузории ҳар ду мамлакат пешниҳод гардиданд.

Кори форум дар ҷаласаҳои панелӣ дар мавзуъҳои «Таҷрибаи хусусии ду кишвар», «Сармоягузорӣ ба ояндаи минтақаҳо» ва «Уфуқҳои нави ҳамкории сармоягузорӣ» идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки 7 июл барои иштирокдорони форум аз рӯи самтҳои зерин: сайёҳӣ (ҷустуҷӯи шарикон оид ба хизматрасониҳои сайёҳӣ»), истеҳсолот (боздид аз корхонаҳои истеҳсолкунанди маҳсулот) ва фурӯши яклухт ва чакана (дарёфти харидорони маҳсулот) чорабинӣ доир карда шуд.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 8, 2025 14:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид