Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон баргузор мешавад

Июль 4, 2025 16:33

ДУШАНБЕ, 04.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7-8 июл дар шаҳри Душанбе баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар назар аст, ки 7 июл барои иштирокдорони форум аз рӯи самтҳои зерин: сайёҳӣ (ҷустуҷӯи шарикон оид ба хизматрасониҳои сайёҳӣ», истеҳсолот (боздид аз корхонаҳои истеҳсолкунандагони маҳсулот) ва фурӯши яклухт ва чакана (дарёфти харидорони маҳсулот) чорабинӣ доир карда мешавад.

Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон 8 июл дар «Кохи Истиқлол» доир мегардад. Дар форум нахуст навори видеоӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон» манзури иштирокдорон мешавад.

Кори форум дар ҷаласаҳои панелӣ, дар мавзӯъҳои «Таҷриба хусусии ду кишвар», «Сармоягузорӣ ба ояндаи минтақаҳо» ва «Уфуқҳои нави ҳамкории сармоягузорӣ» идома меёбад.

Дар форум роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раисони вилоятҳои Тоҷикистон ва ҳамтоёни онҳо аз Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок ва сухан менамоянд.

Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон бо тамошои барномаи фарҳангӣ дар «Кохи Борбад» анҷом меёбад.

АКС аз бойгонӣ

Июль 4, 2025 16:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд