Дар Душанбе нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид

Июль 24, 2025 15:00

ДУШАНБЕ, 24.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи сафари давлатии Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Дар кори форум муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, муовини Сарвазири Муғулистон Сайнбуян Амарсайхан, роҳбарон ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, сохторҳои иқтисодӣ ва бахшҳои хусусии ҳарду давлат иштирок намуданд.

Зимни суханронӣ муовинони сарвазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон аҳаммияти таҳкими ҳамкории тиҷоратию иктисодӣ, ҷалби сармояи мутақобил ва ба сатҳи сифатан нав баровардани муносибатҳоро таъкид намуда, омодагии қавии худро барои дастгирӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак иброз доштанд.


Тавре иброз гардид, ҳадаф аз баргузории форум таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории оянда ба шумор меравад.

Дар ҷараёни форум пешниҳодҳо ва ташаббусҳои мушаххас доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар бахшҳои энергетика, нақлиёту логистика, кишоварзӣ, саноат ва рушди сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.

Дар доираи баргузории нахустин Форуми сармоягузории Тоҷикистону Муғулистон 3 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

Ҳамзамон дар ҳошияи форум мулоқотҳои дуҷониба (В2В) байни соҳибкорони ду давлат ва вохӯриҳои (B2G) соҳибкорон бо намояндагони мақомоти дахдори давлатӣ баргузор гардида, дар ҷараёни он ҷонибҳо роҳҳои амалии татбиқи ташаббусҳои иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои мутақобили судмандро баррасӣ ва мувофиқа менамоянд.

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 24, 2025 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд