Дар Душанбе оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласаи Гурӯҳи корӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҷаласаи корӣ оид ба иҷрои сифатнок ва саривақтии дастуру супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд.
Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Ашурбой Солеҳзода иброз намуд, ки иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини устувории макроиқтисодӣ дар мамлакат дар шашмоҳаи якуми соли равон замина гузошт. Барои то охири сол нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ, истифодаи самараноки иқтидори мавҷуда, таъсиси ҷойҳои кории нав, ҷалби сармоя ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳо тадбирҳо муайян гардидаанд. Зарур шуморида шуд, ки вазорату идораҳо таҳлилҳои соҳавиро вобаста ба тамоюлҳои ҷойдошта ба котиботи Гурӯҳи корӣ пешниҳод намоянд.
Таъкид гардид, ки бо назардошти муайян намудани манбаъҳои иловагии рушди иқтисоди миллӣ қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028» қабул карда шуд. Инчунин лоиҳаҳои «Барномаи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030», «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои 2026-2030», Нақшаи амал барои солҳои 2026-2028-и «Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037», «Барномаи давлатии рушди содироти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими стратегии мамлакат таҳия гардиданд.
Ин ҳуҷҷатҳо мувофиқ ба ҳадафу афзалияти муайяннамудаи Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат тадбирҳои мушаххасро фаро гирифтаанд.
Дар ҷаласа вобаста ба афзалият ва тамоюлҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи минбаъда муҳокимаронӣ доир шуд. Ҳамзамон аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа вобаста ба иҷрои супоришҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва дурнамои рушди соҳаҳои мухталифи мамлакат маълумот дода шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






