Дар Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 22.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 август дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон) — и ноҳияҳои шаҳри Душанбе озмуни «Беҳтарин ровии наврас-2025» оғоз мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе хабар доданд.
Озмун бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои наврас дар самти ровигӣ, баланд бардоштани сатҳи суханварӣ, забондонӣ ва муаррифии чеҳраҳои нави эҷодӣ байни довталабони аз 9 то 18-сола доир карда мешавад.
Озмун дар ду давр баргузор гардида, даври якуми он аз 1 август то 30 сентябр дар марказҳои таҳсилоти иловагӣ (марказҳои кӯдакон ва наврасон) — и ноҳияҳои шаҳри Душанбе доир карда мешавад.
Даври ниҳоӣ нимаи дуюми моҳи октябр дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе доир мегардад.
АКС: Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






