Дар Душанбе татбиқи лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Амалӣ намудани лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» яке аз тадбирҳои саривақтӣ буда, барои омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим ба экосистемаҳои Тоҷикистон, мутобиқшавии ширхӯрон, бартараф кардани низоъҳо байни олами вуҳуш ва ҷомеаҳои маҳаллӣ мусоидат менамояд. Ин матлаб дар нишасти дуюми машваратии миллии лоиҳаи «Мутобиқшавии ширхӯрон ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» /CAMCA -Central Asian Mammals and Climate Adaptation/, ки бо иштироки мушовирони байналмилалӣ, мутахассисони вазорату идораҳои давлатӣ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, баён шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар нишаст муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Лоиқ Раҳмонзода иброз намуд, ки бо мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои экологӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист бо шарикони рушд, бахусус бо Барномаи Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ оид ба муҳити зист (ЮНЕП) ҳамкории зичро ба роҳ монда, дар амалӣ намудани сиёсати экологии Ҳукумати Тоҷикистон дар самти ҳифзу нигоҳдории мавзеъҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ саҳми намоён гузошта, онро минбаъд ҳам идома медиҳад.
Таъкид шуд, ки дар доираи лоиҳаи CAMCA, ки дар се давлати Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аз соли 2022 то инҷониб амалӣ шуда истодааст, занҷираи масъалаҳо, яъне тағйирёбии иқлим, экосистемаҳо, олами вуҳуш ва ҷомеаҳо мавриди тадқиқоту омӯзиш қарор гирифтааст.
Ҳадафи лоиҳаи CAMCA ба ҳифзу нигоҳдории 6 намуди ҳайвони нодир -архар, оҳуи бухороӣ, бабри барфӣ, бузи кӯҳии морхӯр ва хирси малла нигаронида шудааст. Барои ҳифзу нигоҳдории ин ҳайвоноти ширхӯр зарур аст, ки ҷомеаҳои маҳаллӣ ҷалб карда шаванд.
Пас аз шунидани рӯнамоҳо ва маърӯзаҳо муҳокимаву музокираҳо доир гардида, дар анҷоми нишаст барои ташкили шурои ҳамоҳангсозӣ иқдом карда шуд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






