Дар Хатлон 21 иншооти таълимӣ ба истифода дода шуд

Июль 9, 2025 08:29

ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 21 иншооти нави таълимӣ, аз ҷумла 120 синфхона бо 3000 ҷойи нишаст дар як баст ва 6000 ҷой дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2007 то имрӯз 3394 нафар омӯзгорони ҷавон соҳиби замини наздиҳавлигӣ, замини полезӣ ва қарзҳои имтиёзнок гардиданд. Танҳо дар соли 2025 ин рақам 123 нафарро ташкил дод.

Маориф самти афзалиятноки давлат ба ҳисоб рафта, Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад.

Дар ин замина аз ҷониби Ҳукумати мамлакат барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф якчанд барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ қабул гардид.

Инчунин барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти кори олимону омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 9, 2025 08:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Олими ҷавони тоҷик соҳиби патентҳои Ҷумҳурии Беларус гардид
Туҳфаҳои Пешвои миллат ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати шаҳри Истаравшан супорида шуданд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид