Дар Хатлон беш аз 2,8 ҳазор қонуншиканӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ошкор шудааст
БОХТАР, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Прокуратураи вилояти Хатлон дар шаш моҳи соли равон оид ба риояи қоидаҳои истифодаи нерӯи барқ 67 маротиба санҷиш гузаронида, дар натиҷаи он 2836 қонуншиканӣ ошкор карда шудааст. Аз рӯи ҳамаи ҳодисаҳо тадбирҳои дахлдор андешида шуданд. Дар натиҷа, дар ҳаҷми 77,5 миллион сомонӣ (соли гузашта – 29,6 миллион сомонӣ) ҷуброн гардида, 73 парвандаи ҷиноӣ (соли гузашта – 13) оғоз гардид. Дар ин хусус зимни ҷаласа оид ба натиҷаи фаъолияти Прокуратураи вилояти Хатлон дар давоми 6 моҳ, ки дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар доир гардид, иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ “Ховар”.
Дар натиҷаи санҷишҳо аз рӯи моддаҳои 245 (дуздидани маблағ барои истифодаи нерӯи барқ), 299 (тақаллуби баҳисобгирии истифодаи нерӯи барқ), 322 (қаллобӣ), 253 (дузди нерӯи барқ), 247 (қаллобӣ), 340 (ҳуҷҷатҳои қалбакӣ), 163 (вайрон кардани тартиби дида баромадани муроҷиатҳои шаҳрвандон)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






