Дар Хатлон масъалаи таъсиси корхонаи саноатии батареяҳои офтобӣ баррасӣ гардид

Июль 10, 2025 15:55

ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати «Гурӯҳи сохтмони энергетикии Чин» нақша дорад, ки дар вилояти Хатлон корхонаи саноатии батареяҳои офтобиро таъсис диҳад. Ин масъала  зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон бо намояндагони ин ширкати чинӣ, ки  имрӯз доир шуд, баррасӣ гардид.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  «Гурӯҳи сохтмони энергетикии Чин»  яке аз  ширкатҳои бузурги давлатӣ аст, ки ба сохтмони иншооти энергетикӣ ва истеҳсоли таҷҳизот барои онҳо машғул буда, ҳамчунин яке аз калонтарин пудратчиён дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши робитаҳои корӣ бо ширкатҳои чинӣ ва таъсиси неругоҳҳои бодию офтобӣ мубодилаи афкор намуданд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Чин аз иқдомоти Тоҷикистон доир ба таъмини дастрасӣ ба манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ, ба мисли гидроэнергетика ва энергияи бодию офтобӣ мудом дастгирӣ хоҳад кард.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Июль 10, 2025 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд