Дар Хатлон ташаббуси вилоятии «Саҳми ман дар ободии Ватан» доир карда мешавад
ДУШАНБЕ, 14.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таҷлили сазовори 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти унвони «Саҳми ман дар ободии Ватан» дар шаҳру ноҳияҳо ташаббуси вилоятӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар доданд.
Сокинони вилоят ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо бояд бо истифода аз қобилияти ташкилотчигӣ барои ҷалби муташаккилонаи аҳолӣ ба корҳои тозагию ободкорӣ дар ҳар ташкилоту муассиса, маҳалли зист, қитъаҳои ҳамшафати роҳҳои мошингард ва соҳили ҷӯйю каналҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мақсад аз баргузории чунин шанбегиҳо тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи саломатии иҷтимоӣ ва зебоии маҳал мебошад.
Дар робита ба ин ҳар сокини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон даъват карда мешавад, ки дар ташаббуси «Саҳми ман дар ободии Ватан» фаъолона иштирок намуда, дар ободонӣ ва сабзкории ҳар гӯшаи Ватан саҳм гузорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






