Дар хоҷагиҳои моҳипарварии Тоҷикистон 1906 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон дар Тоҷикистон 1906 тонна моҳӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 233 тонна зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни иншасти матбуотии Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Дар нишасти матбуотӣ иброз гардид, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ 1300 кӯли табиӣ, 8 обанбор ва 385 хоҷагии моҳипарварӣ бо масоҳати умумии 75 ҳазору 968,4 гектар, ки аз он 73 ҳазору 341,6 гектар обанборҳо ва 2 ҳазору 626,8 гектар ҳавзҳои моҳипарварӣ мебошад, барои истеҳсоли моҳӣ дар хоҷагиҳои моҳипарварӣ истифода бурда мешавад.
Бояд гуфт, ки дар соҳаи парвариши ҳайвонот аз ҷиҳати даромаднокӣ моҳипарварӣ дар ҷойи аввал меистад. Кӯлу дарёҳои Тоҷикистон дорои беш аз 60 намуди моҳӣ мебошад. Тоҷикистон бо табиати биҳиштосои кӯҳсор, тармаву пиряхҳо ва рӯдҳои шӯхи сардоб имкон дорад, ки аз ҷиҳати истеҳсол ва содироти гулмоҳӣ дар ҷаҳон дар ҷойи намоён қарор дошта бошад.
Ёдовар мешавем,ки бо мақсади пешрафти соҳа ва таъмини бозорҳои мамлакат бо гӯшти моҳӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2023 «Барномаи маҷмуавии рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид. Тибқи низоми содакардашудаи андозбандӣ, субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи парандапарварӣ, моҳидорӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда аз пардохти андоз аз шахсони ҳуқуқӣ, арзиши иловашуда, аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шуданд. Ҳадаф аз ин иқдом ба таври шоиста ба роҳ мондани рушди соҳа ва ҷалби бештари соҳибкорон ба моҳипарварӣ мебошад.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд






