Дар Хоруғ 295 иншооти хурду бузург ба истифода дода шудааст
ДУШАНБЕ, 14.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 2022 то шаш моҳи соли 2025 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 295 иншооти хурду бузург мавриди истифода қарор дода шуд, ки ба 90,5 фоизи нақшаи тарҳрезишуда баробар аст. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хоруғ дар 6 моҳи соли равон иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд дар шаҳр 326 иншооти соҳаҳои гуногун бунёд карда шавад.
Дар назар аст, ки то таҷлили 34-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ 16 иншооти ҳаётан муҳими иқтисодию иҷтимоӣ мавриди истифода қарор гирад.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади такмил додани фаъолияти шаҳрсозӣ ва таъмини пурраи аҳолӣ бо хонаҳои истиқоматӣ дар шаҳри Хоруғ чанде қабл дар ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои сохтмони хонаҳои истиқоматии баландошёна муаррифӣ карда шуданд.
Сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ соли оянда ба нақша гирифта шудааст.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд






