Дар Хоруғ Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» баргузор мешавад

Июль 4, 2025 17:20

ДУШАНБЕ, 04.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24-26 июли соли равон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест-2025» дар назар дошта шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи барномаи форум, пеш аз оғози Форуми байналмилалии сармоягузории «Помиринвест -2025» дар назди Чойхонаи миллии шаҳри Хоруғ намоишгоҳи молу маҳсулоти маҳаллии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад.

Дар форум навори видеоӣ дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузорӣ ва сайёҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» пешниҳоди иштирокдорон мешавад.

Мусоидат ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди соҳибкорӣ, хусусан дар бахши сайёҳӣ ва инфрасохтори он, ба роҳ мондани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо дигар минтақаҳои мамлакат ва давлатҳои ҳамҷавор, татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Бадахшон, истифодаи самараноки имкониятхо ва сарватҳои табиии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони аз ҳадафҳои асосии Форуми «Помиринвест-2025» маҳсуб меёбад.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 4, 2025 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд