Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» 120 нафар наврасон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд

Июль 4, 2025 10:20

ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Басти аввали истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и шаҳри Кӯлоб  бо мақсади бофароғат  гузаронидани таътили тобистонаи хонандагон  ба фаъолият оғоз намуд. Истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ  120 нафар наврасонро ба истироҳат фаро мегирад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб.

Дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора» барои фароғати хонандагон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Мувофиқи нақшаи рӯз, истироҳати хонандагон аз машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, оббозию хӯроки нисфирӯзӣ ва соати муайяни хоб, машғул шудан бо бозиҳои шавқоварро дар бар мегирад. Дар баробари ин, бо иштироки тарбиятгирандагон ҳамзамон озмунҳои гуногун ташкил карда мешаванд. Барои дӯстдорони адабиёти бадеӣ ҳамзамон маҳфилҳои адабӣ ташкил гардидааст, ки хонандагон дар ин ҷо метавонанд малакаи худро тақвият бахшанд.

Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати маводи хӯрокворӣ ва талаботи дигари  мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.

Бо мақсади таъмини амнияти ҷонӣ, солимии равонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию иҷтимоии истироҳаткунандагон, мураббиёни гурӯҳҳои истироҳатӣ пайваста машғулиятҳои тарғиботию омӯзиширо мегузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки имсол дар ҷумҳурӣ қариб 5 ҳазор истироҳатгоҳ (наздимактабӣ, варзишӣ, санаторӣ, солимгардонӣ, меҳнатӣ) омода гардида, дар онҳо беш аз 250 ҳазор нафар кӯдакон ва наврасон ба фароғат фаро гирифта мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 4, 2025 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!