Дар истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор барномаҳои гуногуни шавқовар доир карда мешаванд

Июль 1, 2025 18:00

ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар басти якуми истироҳатгоҳи маърифатӣ ва фароғатии «Чангоб»-и шаҳри Ҳисор беш аз 190 нафар кӯдакону наврасон ба истироат фаро гирифта шудаанд. Аз ҷумла, тарбиятгирандагони Мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии ятимони ноҳияҳои Сангвору Ҷалолиддини Балхӣ ва кӯдакони Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ, Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобинои шаҳри Ҳисор дар ин макони хушбоду ҳаво истироҳат доранд. Дар ин хусус Директори истироҳатгоҳи «Чангоб»- и шаҳри Ҳисор Карим Икромов ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ дод.

Истироҳатгоҳи маърифатию фароғатии «Чангоб», ки дар деҳаи Чангоби Ҷамоати деҳоти Хонақоҳи кӯҳии шаҳри Ҳисор воқеъ аст, солҳои 60 сохта шудааст ва бо номи «Айболит» фаъолият мекарду ҳазорҳо нафар мактаббачагонро ба истироҳат фаро мегирифт.

Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор истироҳатгоҳ таъмиру навсозӣ гардида, он дорои бунгоҳи тиббӣ, ҳавзи шиноварӣ, майдончаҳои варзишӣ, ошхона ва хобгоҳҳои муосир мебошад. Дар ин макони фароғатӣ омӯзгорони ботаҷриба барои назорати истироҳаткунандагон фаъолият намуда, мураббияҳо аз рӯйи барномаи таълимию фароғатии истироҳатгоҳ кӯдакону наврасонро ба ватандӯстию худшиносии миллӣ роҳнамоӣ менамоянд.

Тавре масъулини истироҳатгоҳи «Чангоб» иброз намуданд, кӯдакону наврасон дар як баст 12 рӯз истироҳат менамоянд. Барои ҳар нафари онҳо аз ҳисоби Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ маблағгузорӣ мешавад. Онҳо бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, пайваста зери назорати табибону омӯзгорон қарор доранд. Барои кӯдакон тамоми имкониятҳо ҷиҳати истироҳати хуш, рушди зеҳнӣ, омӯзиши малакаҳои нави ҳаётӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва таълимӣ муҳайё гардидааст. Ҳамчунин бехатарии онҳо ҳангоми варзиш, оббозӣ ва дигар машғулиятҳо пурра таъмин карда шудааст.

Тавре масъулини истироҳатгоҳи «Чангоб» баён доштанд, имсол истироҳатгоҳ дар ду буст пурра фаъолият менамояд, дар мавриди пайдо гардидани сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва ҷалби кӯдакон ба истироҳат, истироҳатгоҳ метавонад дар басти сеюм ҳам фаъолият намояд.

Дар назди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо ва мактабҳои варзишии шаҳри Ҳисор зиёда аз 5190 нафар хонанда ба истироҳату солимгардонӣ ҷалб шудаанд. Дар истироҳатгоҳи «Файзи Истиқлол» 50 нафар хонандагони шаҳри Ҳисор истироҳат доранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 1, 2025 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад