Дар Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 01.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Рими Ҷумҳурии Италия 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид оғоз гардид, ки то 2 июл идома меёбад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар конфронс намояндагони 94 давлат иштирок намуда, доир ба масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ дар сайёра, ҳимояи низоми агроозуқаворӣ, муносибати эҳтиёткорона ба табиат ва захираҳои табиӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва равона намудани захираҳои мавҷуда ба соҳаи кишоварзӣ, омодагӣ ба буҳронҳои ғайричашмдошт, тезонидани раванди инноватсионии парвариши зироати кишоварзӣ, рақамиконии савдои маҳсулоти агроозуқаворӣ, рушди занҷираи арзиши иловашуда ва таъмини рушди босуботи соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.
Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода дар ҷараёни конфронс оид ба талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди низоми агроозуқаворӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии мамалакат дар самти истифодаи оқилонаи обу иқлим ва таъсири мусбии он ба низоми кишоварзии мамлакатҳо, истеҳсоли маҳсулоти сабз, тақвияти ҳамкории байналмилалию минтақавӣ дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини иҷрои Ҳадафҳои Рушди Устувор ва дигар самтҳои соишовразӣ суханронӣ намуд.
Дар ҳошияи 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ҷаласаи вазирон доир ба дастгирии давлатҳои хурди ҷазиравӣ ва дастрасӣ надошта ба баҳр доир гардид. Дар он зиёда аз 55 вазирони кишоварзии давлатҳои дастрасӣ надошта ба баҳр ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок намуда, масъалаҳои баланд бардошти иқтидори истеҳсолию содиротӣ, бартараф намудани оқибатҳои тағйирёбии иқлим, истеҳсол ва коркарди маҳсулоти сабз, рушди агросайёҳӣ, рушди рақамикунонии соҳаи кишоварзӣ, дастгирии занҳои деҳот, ҳимояи экосистема ва дигар масъалаҳои соҳаи кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҳошияи конфронс Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳти зисти Аморати Муттаҳидаи Араб, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Озарбойҷон, директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар намояндагони расмӣ вохӯрӣ намуда, доир ба дурнамои хамкорӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






