Дар Китобхонаи миллӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд «Гӯшаи китобҳои гӯё» ташкил гардид

Июль 3, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди Китобхонаи миллии Тоҷикистон «Гушаи китобҳои гӯё» ташкил гардид, ки хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) метавонанд аз китобҳо истифода намоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд.

Китобҳои гӯё ва имову ишора дар шакли электронӣ ва чопӣ аз ҷониби шарикони рушди Китобхонаи миллии Тоҷикистон тақдим гардид. Ҳадаф аз ин иқдом дастгирии  нафарони маъюб ва беҳбудӣ бахшидан ба шароиту имконот барои омӯзиш ва нишон додани маҳорати хоси онҳо мебошад.

Китобҳои савтӣ ва имову ишора барои хизматрасонии хонандагон аз тарафи кормандони шуъба ба компютер ва ноутбукҳо боргирӣ шуданд. Ин барои хонандагони қувваи босираашон суст ва маҳдуд (нобиноён) имконияти хуби мутолиа кардан мебошад.

Китобҳои Ато Мирхоҷа «Эҳсосамро шиносам», Муҳриддин Сабурӣ «Мисли худат бош», Роберт Макклоски «Марминҷон барои Соро», Муродалӣ Собир «Наҷоти моҳиён» аз зумраи китобҳое мебошанд, ки хонандагон метавонанд дар ин шуъба аз онҳо истифода баранд.

АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 3, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад