Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи маъюбон ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи маъюбон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятии маъюбон ва хонандагони фаъоли шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуди китобхона ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Китобхонаи миллӣ.
Дар ҳамоиш иброз шуд, ки бо талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус таваҷҷуҳи махсуси Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ барои маъюбон дар тамоми соҳаҳо имконияти баробари кору зиндагӣ фароҳам оварда шуда, сол то сол шароити иқтисодиву иҷтимоии онҳо беҳтар мегардад.
«Аз ҷумла, дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони имконияташон маҳдуд амал мекунад, ки дар он баҳри мутолиаи онҳо тамоми шароити муосир фароҳам оварда шудааст»,-хотиррасон гардид дар ҷамъомад.
Дар ҳамоиш таъкид гардид, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2 августи соли 2011, ҳамасола дар ҷумҳурии мо 8 июл ҳамчун Рӯзи маъюбон таҷлил карда мешавад. Мақсад аз эълон доштани ин рӯз ва ба таври анъанавӣ таҷлил кардани он, пеш аз ҳама ҷалб намудани таваҷҷуҳи ҷамъият, ташкилоту идораҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба масъалаҳои маъюбӣ буда, барои таъмини кафолатҳои иҷтимоии шахсони маъюб ва шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат хоҳад кард.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд






