Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут истеҳсол карда мешавад
ДУШАНБЕ, 02.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар корхонаи коркарди меваю сабзавоти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Насим»-и шаҳри Хоруғ 12 навъи ширинӣ аз тут бо омехтаи зағир, ҷав, қулфинай, анор, лиму, бодиён, имбир, протеин, пудина, какао ва чормағз омода карда мешавад. Ин аввалин корхона дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад, ки дар он шириниҳо аз тут истеҳсол ва бандубаст карда мешавад. Маҳсулоти хушсифати корхона на танҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам харидорони зиёд пайдо кардааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ медиҳад.
Имрӯз маҳсулоти истеҳсолнамудаи корхонаи «Насим» бо унвони «Pamir qold» дар қатори дигар армуғони Бадахшон ба меҳмонон ва сайёҳони хориҷиву дохилӣ тақдим мегардад.
Тавре роҳбари корхона Набот Додхудоева иброз дошт: «захираи фаровони меваҳои шифобахши табиати Бадахшон пурра истифода нагардидаанд. Мақсад гузоштаем, ки ояндаи наздик чунин маҳсулотро аз себу зардолу ва дигар меваҳо омода карда, ба бозорҳои мамлакат ва берун аз он пешкаш намоем. Муҳим он аст, ки ин шириниҳо аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, бе иловаи қанд ва маводи кимиёвӣ истеҳсол мегарданд».
Корхона дорои таҷҳизоти муосир буда, барои истеҳсоли шириниҳо корхона тут ва дигар маҳсулотро аз ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшону Шуғнон харидорӣ менамояд.
«Мо аз се ҳазор хонаводаи ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшону Шуғнон тутро барои коркард дар корхонаамон дастрас менамоем. Ин аз як тараф ба фоидаи корхона бошад, аз ҷиҳати дигар барои ин хонаводаҳо ҳам фоидаовар мебошад, чунки онҳо бе ягон мушкилӣ маҳсулоти худро аз хонаашон, бе рафтан ба бозор мефурӯшанд ва соҳиби даромад мегарданд»,- афзуд Набот Додхудоева.
Дар корхона ба сифати коркарди ашёи хом таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Маҳсулоти истеҳсолшаванда ташхис шуда, сипас ба савдо бароварда мешавад.
Айни ҳол дар корхона 12 корманд фаъолият дорад. Маҳсулоти хушсифати корхона тибқи шартнома ба хориҷи мамлакат низ содир шуда, он борҳо дар намоишгоҳҳо сазовори сипосномаву шоҳҷоизаҳо гардидааст.
Ёдовар мешавем, ки зимни суханронӣ дар Cеминар–машварати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Данғара (17 майи соли 2025) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти хуби баъзе корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, Сарвари давлат фаъолияти корхонаи «Насим»-ро барои дигар корхонаҳои истеҳсолии мамлакат намунаи ибрат номиданд.
Бояд ёдовар шуд, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сол ба сол афзоиш ёфта, соли 2024 ба беш аз 307 миллион сомонӣ расидааст, ки нисбат ба соли 1993-юм 5 баробар зиёд мебошад.
Дар моҳҳои январ – майи соли равон 45 коргоҳу корхонаи нав таъсис дода шуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 фоиз афзудааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ аз 13 ба 183 ва номгӯйи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 10 намуд ба 70 намуд расидааст.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид






