Дар лагерҳои «Шабдез» ва «Саодат»-и Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 230 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври навбатии истироҳати хонандагон оғоз ёфт, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Бо мақсади гусели хонандагон ба истироҳатгоҳҳо дар майдони ба номи Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ҷамъомад иброз гардид, ки дар даври аввал бештар аз 230 нафар хонандагон аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят ба истироҳатгоҳҳои «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа ва «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон сафарбар карда шуданд.
Таъкид гардид, ки фароҳам намудани шароити хуби таҳсил ва истироҳат барои насли наврас дар сархати сиёсати маорифпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста барои кӯдакон ва насли наврас шароити мусоид фароҳам меорад, то насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ ба воя расанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






