Дар мақомоти давлатӣ беш аз 18 ҳазор хизматчии давлатӣ фаъолият менамоянд
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон дар мақомоти давлатӣ 18 609 нафар хизматчиёни давлатии амалкунанда фаъолият намудаанд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии хизмати давлатӣ Илёс Идрисзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.
Тавре Илёс Идрисзода изҳор намуд, шумораи занон дар хизмати давлатии шаҳрвандӣ дар маҷмуъ 4682 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 27 нафар зиёд мебошанд. Аз шумораи 6098 нафар ишғолкунандагони мансабҳои роҳбарикунанда 1159 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки шумораи ҷавонони то 35-сола дар хизмати давлатӣ 9116 нафарро ташкил медиҳад. Дар мансабҳои роҳбарикунанда 1745 нафар ҷавонон фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 133 нафар зиёд мебошад.
Ҳамзамон Директори агентӣ иброз намуд, ки санҷиши ҳолати иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2024 «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» нишон дод, ки аз ҷониби масъулини баъзе мақомоти давлатии санҷидашуда даврҳои омӯзишӣ тибқи талаботи муқарраршуда гузаронида нашудаанд.
«Аз натиҷаи таҳлили вазъи иҷрои қонунгузории хизмати давлатӣ ва фармони мазкур ба шахсони масъул кумаки методӣ расонида шуда, барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба мақомоти давлатӣ санадҳои санҷишӣ ирсол гардиданд»,-афзуд Илёс Идрисзода.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар








Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд
Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
Cозишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои иштирокдори ИДМ ба имзо расид
Таҳкими ҳамкории илмӣ-таҳқиқотӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария баррасӣ шуд
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
Дар Рашт бинои нави шуъбаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ ба истифода дода шуд
Дар фурудгоҳҳои байналмилалии Тоҷикистон бо шаҳрвандон корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд






