Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд

Июль 8, 2025 15:05

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи нақшаи филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавсими имсола дар 3 минтақа – Варзоб, Зарафшон ва Суғд зиёда аз 30 ҳазор тонна асфалт харҷ шуда, дар ин замина, зиёда аз 100 километр таъмири ҷорӣ ва ва 32, 65 км таъмири куллӣ мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз филиали ин ширкат хабар доданд.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар минтақаи Варзоб зиёда аз 2 ҳазор тонна асфалт харҷ шуда, 3,2 километр роҳ таъмири куллӣ хоҳад шуд. Илова бар ин, дар минтақаи мазкур бо сарфи 572.03 тонна асфалт 4807 метри мураббаъ роҳ таъмири ҷорӣ мешавад.

Ҳамчунин дар минтақаи Зарафшон 14, 35 километр роҳ таъмири куллӣ шуда, дар минтақаи Суғд сарфи қариб 18 ҳазор тонна асфалт пешбинӣ гардида, дар ин замина 15, 1 километр роҳ таъмири куллӣ ва 16000 метри мураббаъ роҳ таъмири ҷорӣ мешавад.

Гуфта шуд, ки то ин вақт дар минтақаи Суғд 3, 2 километр роҳ таъмири куллӣ ва даҳҳо километр роҳ таъмири ҷорӣ шуда, барои ин кор зиёда аз 4000 тонна асфалт сарф шудааст. Дар ин минтақа нишондиҳандаи таъмири ҷории роҳ 68%-и нақшаро ташкил медиҳад. Таъмиру таҷдиди роҳ дар минтақаи Зарафшон низ дар сатҳи хубу сифати баланд идома дошта, то ин вақт зиёда за 2000 тонна асфалт сарф шудааст.

Тавре масъулин иттилоъ доданд, дар минтақаи Варзоб таъмири ҷории роҳ аллакай 95% иҷро шуда, таъмири куллии роҳ аз 15 июли соли равон оғоз мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки ин таъмиру таҷдиди роҳи Душанбе – Чанок соли 2012 оғоз гардида, ҳамон вақт 2000 тонна асфалт харҷ шуда буд. Минбаъд ин нишондиҳанда афзоиш ёфта, соли 2013 ба 6000 тонна, 2014 – 10000 тонна , 2015 -15000 тонна, 2016 — 13575 тонна, 2017 -51551 тонна, 2018-30864 тонна, 2019 — 49862 тонна, 2020 — 29377 тонна, 2021 – 55366 тонна, 2022 — 39916 тонна, 2023 — 25079 тонна ва соли 2024 ба 18408 тонна асфалт расид.

АКС: Филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2025 15:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Бонки Осиёии Рушд бо фаъолияти гузаргоҳи «Фотеҳобод — Ойбек» шинос шуданд
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии «Нақлиёт ва логистикаи Созмони ҳамкории Шанхай» доир мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Хушкмеваҳои Тоҷикистон манбаи бойи витаминҳо, минералҳо, антиоксидантҳо ва нахҳои хӯрокворӣ мебошанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Тоҷикистон захиранамоии хӯроки чорво идома дорад
Кишоварзони Тоҷикистон беш аз 614 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ намуданд
Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии ангур идома дорад
Дар вилояти Суғд беш аз 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият менамоянд
Раванди татбиқи лоиҳаи «Сохтмони лӯлаи газгузари Тоҷикистон-Чин, қисмати Д» баррасӣ гардид
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар 72,5 гектар плантатсияҳои дарахти павловния бунёд карда шуданд
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Рӯдакӣ ҷамъоварии пахта оғоз гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо корҳои кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор шинос шуд
Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон ҷамъоварӣ ва коркарди пахта идома дорад