Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946 миллион сомониро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи якуми соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 946,9 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 127,6 миллион сомонӣ зиёд аст. Сатҳи афзоиш 106,7 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин хусус зимни ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иттилоъ дода шуд.
Дар ноҳия дар 3695 гектар гандум, 411 гектар ҷав, 234 гектар шолӣ ва дар 249 гектар зироати лӯбиёгӣ кишт карда шуд. Инчунин дар 623 гектар ҷуворимакка, 9941 гектар пахта, 594 гектар картошка ва дар 2566 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Дар ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар 23 475 гектар зироат кишт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 163 гектар зиёд аст.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи истифодаи самаранок ва оқилонаи обу замин таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Махсусан дар аввалин солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду марҳила тақсим гардидани 75 ҳазор гектар замин барои ташкили хоҷагиҳои ёрирасони шахсии шаҳрвандон бобати истифодаи босамари замин ва зиёд шудани майдони кишти такрорӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз намуданд, ки «замин боигарии асосии мамлакати мост. Ояндаи ҷумҳурӣ ва ояндаи халқи Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст».
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






