Дар ноҳияи Лахш бо мақсади пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ доир шуд

Июль 16, 2025 14:15

ДУШАНБЕ, 16.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кормандони Суди ноҳияи Лахш бо сокинони ҷамоати шаҳраки Ваҳдати ноҳия вохӯрӣ гузарониданд, ки мақсади он аз баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла пешгирӣ намудани истифодаи ғайриқонунии неруи барқ, инчунин шарҳу тавзеҳоти тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Дар ин хусус мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд иттилоъ медиҳад.

Дар вохӯрӣ раиси Суди ноҳияи Лахш Саидраҳмон Давлатзода иброз дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мамлакат ба эъмори ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд оғоз намуданд ва дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла энергетика ба муваффақияти зиёд ноил гардиданд.

Мақсади асосии воридкунии тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин таъмини сифатноки эҳтиёҷоти рӯзафзуни аҳолии ҷумҳурӣ бо неруи барқ, кам намудани талафоти неруи барқ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои истифодабарандагони энергия ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад.

Судяи Суди ноҳияи Лахш Исмоил Исроилзода гуфт, ки вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодаи қувваи барқ омилҳои муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд оварда, ҳамчун ҷиноят эътироф мегардад. Дар ҳолати аз берун дахолат намудан ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ва тағйир додани нишондоди он бо мақсади насупоридани маблағи истифодаи қувваи барқ, инчунин истифодаи қувваи барқ бе пайвасткунӣ ба таҷҳизоти ҳисоби барқӣ ба давлат зарари моддӣ расонида мешавад.

Маблағҳое, ки барои истифодаи қувваи барқ супорида мешаванд, метавонанд барои рушди соҳаи энергетика ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум сарф шаванд. Истифодаи ғайриқонунии қувваи барқ на танҳо ба суботи молиявии давлат таъсири манфӣ мерасонад, балки сабаби ба вуҷуд омадани садамаҳо, қатъ шудани барқ, сӯхтор гардида, барои ҳаёт ва саломатии одамон хатар пеш меорад.

Силсилавохӯриҳои кормандони Суди ноҳияи Лахш барои расонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия идома меёбанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 16, 2025 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд