Дар Суғд 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Суғд дар шашмоҳаи якуми соли равон 84 корхонаи нав бо 536 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус зимни ҷаласа оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар шашмоҳаи якуми соли 2025 иттилоъ дода шуд.
Иброз гардид, ки дар вилояти Суғд бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди беш аз 12 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 90 фоизи нақша иҷро гардида, дар иншооти боқимонда корҳо идома доранд.
Дар соҳаи маориф 287 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии беш аз 48 ҳазор кӯдак ва 962 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо фарогирии беш аз 578 ҳазор хонанда фаъолият дошта, шумораи омӯзгорон 37 ҳазору 610 нафарро ташкил медиҳад.
Зимни таҳлили нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоят дар шаш моҳ таъкид гардид, ки бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар аксари бахшҳо то ҳол имконоти мавҷуда ба таври пурра ва мақсаднок истифода нашудаанд. Аз ин рӯ масъулин вазифадор карда шуданд, ки барои афзун гардонидани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар семоҳаи оянда аз тамоми захираю имконият самаранок истифода намоянд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд






