Дар Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ анҷом дода шуд

Июль 7, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон аз ҷониби масъулин дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба масофаи 665 метр корҳои соҳилмустаҳакамкунӣ, ба масофаи 20 ҳазору 465 метр тоза кардани селроҳаҳо ва ба масофаи 50,3 километр тозакунии каналҳои обёрикунанда ва заҳбуру заҳкашҳо анҷом дода шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаш моҳи соли 2025 дар ҳудуди вилояти Суғд 321 ҳодисаҳои фавқулодаи хусусияти гуногундошта ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 52 ҳолат зиёд мебошад.

Инчунин дар нимсолаи якуми соли 2025 16 ҳодисаи ғарқшавӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 8 адад кам мебошад. Дар ин давра аз ҷониби наҷотдиҳандагони раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 10 нафар наҷот дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 шумораи наҷотдодашудагон 7 нафар зиёд мебошад.

Ҳамчунин давоми нимсолаи якуми соли равон 5 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шуд, ки маблағи зарари расонидашуда 874 ҳазору 770 сомониро ташкил дод.

АКС аз бойгонӣ

 

Июль 7, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд