Дар Тоҷикистон 5,1 миллион нафар аз интернети мобилӣ ва собит истифода мебаранд
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон 5,1 миллион нафар аз интернети мобилӣ ва собит истифода мебаранд, ки аз ин шумора 4,9 миллион нафар муштариёни интернети мобилӣ мебошанд. Дар ин давра нисбат ба шаш моҳи соли 2024 600 ҳазор нафар истифодабаранда зиёд шудааст. Дар ин хусус 23 июл сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло ба хабарнигорон маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ интернет аз ҷониби 6 ширкати хизматрасонии алоқаи мобилӣ ва 24 ширкати хизматрасонии алоқаи собит таъмин мегардад.
«Бо рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва истифодаи васеи онҳо, аз ҷумла зеҳни сунъӣ дар равандҳои идоракунӣ, бахши хизматрасонӣ ва истеҳсолот, ҳамчунин афзоиши ҳаҷми иттилоот зарурати амалишавии шабакаи алоқаи мобилии насли 5G дар мамлакат ба миён омадааст. Аз ин рӯ дар доираи Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия татбиқи шабакаҳои насли 5G густариш дода мешавад»,-иброз дошт Исфандиёри Саъдулло.
Дар айни замон дар шаҳри Душанбе 20 адад ва дар Хуҷанд 2 истгоҳи базавии насли 5G насб ва мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар назар аст то охири соли равон дар мамлакат 55 истгоҳи насли 5G насб карда шавад.
Дар 3 соли оянда Тоҷикистон нақша дорад дар самти интернети мобилӣ ба наслҳои 4G ва 5G гузарад. Аз рӯйи минтақа то 80 фоиз таъмини дастрасии аҳолӣ ба интернети собит (ноқилӣ) ба нақша гирифта шудааст.
Моҳинави НАВРӮЗ,
Тоҳири САИД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






