Дар Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор гектар шолӣ кишт шудааст

Июль 6, 2025 10:17

ДУШАНБЕ, 06.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи июни соли равон  дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 11 ҳазору 520 гектар шолӣ кишт шудааст, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии мамлакат.

Шолӣ зироати тропикӣ буда, ба намӣ ва гармии зиёд ниёз дорад. Шолӣ то 25-30 фоизи вазни худ обро меҷаббад ва дар ҳарорати +15 +16 дараҷа гармӣ ба сабзидан шуруъ мекунад. Чӣ қадаре, ки ҳарорати об баланд бошад, ҳамон қадар сабзиши шолӣ меафзояд.

Биринҷ яке аз ғалладонагии бештар истеъмолшаванда дар ҷаҳон дониста мешавад, зеро он баъд аз ғалладонагӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати майдони кишт ва ҳосил ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

Олимони кишоварзӣ бар он назаранд, ки дар Тоҷикистон 13 навъи биринҷ  парвариш  карда шуда, истеъмоли солонаи он ба як нафар аз  12 то 15 килограм рост меояд.

Ҳосили шолиро бе коркард барои чанд сол захира намудан имконпазир мебошад. Аз ин рӯ, кишоварзонро зарур аст шолиро ҳарчӣ бештар захира намуда, бо ин роҳ ҳамеша фаровонии биринҷро дар бозори истеъмолӣ таъмин намоянд.

Агар технологи захираи хуб риоя шавад, онро метавон муддати тӯлонӣ нигоҳдорӣ намуд. Мисли лӯбиёгиҳо биринҷ бояд дар қуттиҳои ҳавоногузар, дар ҷои сарду торик нигоҳ дошта шавад.

Чуноне ки таҳқиқоти дар Донишгоҳи давлатии Utah State University (бузургтарин ва муҳимтарин муассисаи таҳсилоти олии иёлати Ютаи  ИМА) гузаронида нишон медиҳад, агар ин шароит риоя шавад, биринҷро то 30 сол нигоҳ доштан мумкин аст ва дар ин муддат вай  таъми лазиз ва бӯйи хуши худро гум намекунад. Бояд  тазаккур дод, ки дар таҳқиқот 2 навъи биринҷ — сайқалёфта ва бухордода  истифода шудааст.

Табибон хусусияти шифобахшии биринҷро таъкид намуда, барои рафъи чандин беморӣ хӯрдани онро тавсия медиҳанд.

Ба андешаи онҳо, истифодаи мунтазами  биринҷ хавфи гирифтор шудан ба бемории саратон, яъне омоси рӯдаро камтар мекунад. Биринҷ сарчашмаи баъзе витаминҳои гурӯҳи Б мебошад, ки  асабро ором намуда,  ба пӯст беҳбудӣ  бахшида, нохун ва мӯйро  дар ҳолати хуб  нигоҳ медорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 6, 2025 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад