Дар Тоҷикистон беш аз 34 ҳазор нақлиёти барқӣ ба қайд гирифта шуд

Июль 22, 2025 08:24

ДУШАНБЕ, 22.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон то 1 июни соли 2025 ба 34 ҳазору 354 адад расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бояд гуфт, ки дар мамлакат «Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023–2028» қабул гардидааст. Дар доираи ин барнома якчанд тадбирҳо, аз ҷумла таъсиси пойгоҳ барои истеҳсоли мошинҳои барқӣ ва ҷузъҳои онҳо, бунёди инфрасохтор барои таъмини барқ ва нигоҳдории мошинҳои барқӣ, таҳияи технологияи истифодаи батареяҳо, додани имтиёзҳои иловагӣ ва дигар имтиёзҳо ба ронандагони нақлиёти барқӣ ва ташаккули маҷмуи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии рушди нақлиёти барқӣ пешбинӣ шудааст.

Инчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои чинӣ мошинҳои барқӣ истеҳсол намояд. Бо мақсади дастгирии рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон, ба мисли дигар давлатҳо баъзе имтиёзҳо амалӣ карда шудаанд. Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2023 ба мамлакат ворид намудани воситаҳои нақлиёти истеҳсолашон то соли 2013 (мавқеи молии 8702, 8703, 8704 ва 8705, Номгӯи молии фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) манъ карда шуда, тибқи таҳрири нави Кодекси андози Тоҷикистон, ки моҳи марти соли 2022 қабул шудааст, воридоти мошинҳои барқӣ ба муҳлати 10 сол аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод аст.

Ёдовар мешавем, ки тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2024 ба мамлакат 17 695 мошини барқӣ ворид гардид. Дар панҷ моҳи аввали соли 2025 беш аз 12 821 мошини нави барқӣ ворид карда шуд. Шумораи умумии нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон то 1 июни ҳамин сол 34  354 ададро ташкил дод.

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 22, 2025 08:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид