Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои коргузорони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти мамлакат таҳти унвони «Раванди амалисозии таъин ва пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат» давраи омӯзиширо доир намуда истодааст.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, моҳҳои июн ва июли соли равон омӯзишҳо иборат аз 7 давр (омӯзишҳои дурӯза) дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Кӯлоб гузаронида шуда истодаанд.
Иброз гардид, ки таъин намудани нозирони коргузор дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ба омӯзиш фаро гирифтани онҳо бо ташаббус ва дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии молиявии лоиҳаи «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» амалӣ мегардад. Ҳадафи давраи омӯзиш ин баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, санҷидани дурустии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва маълумоти дар он дарҷгардида, шаффофияти таъини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин ташкили хизматрасониҳои иҷтимоӣ ба аҳолӣ мебошад.
Иттилоъ доданд, ки бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2024 «Дар бораи тартиби таъин намудани кумакпулии унвонии иҷтимоӣ, муайян намудани андозаи он ва шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот як воҳиди кории нозири коргузор ҷудо шудааст.
Нозири коргузор аз ҷониби Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор қабул карда мешавад.
Айни замон дар сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ҷумҳурӣ 168 нафар кормандон ба кор қабул карда шуданд, ки ҷиҳати омӯзонидан ва таҳким бахшидани малакаи касбии онҳо давраи омӯзишӣ барои чунин нозир — коргузорон тибқи нақшаи тасдиқшуда гузаронида мешаванд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






