Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад

Июль 11, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 11.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 13 июл, соати 19:30 дар Майдони шаршараи назди «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали хӯрокҳои миллии Покистон баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон хабар доданд.

Дар фестивал навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллии покистонӣ пешниҳод мегарданд, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд аз таъми лазизи онҳо баҳра баранд. Дар ин рӯз навъҳои гуногуни таомҳои бирёнӣ, самбӯса, ҳалво, лаҳмаҷун пешниҳод мешаванд. Ҳамчунин барои иштирокдорони Фестивали хӯрокҳои миллии Покистон барномаи фарҳангӣ бо пешниҳоди сурудҳои тоҷикӣ ва покистонӣ доир мешавад.

Ҳадаф аз баргузории ин фестивал  шиносоии мардум бо фарҳанги ғании таомҳои покистонӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангиву дӯстона байни ду мамлакат  ва тақвияти ҳамкории фарҳангӣ мебошад.

Дар доираи ин фестивал анъана ва урфу одатҳои мардуми покистон, аз ҷумла, таому хӯришҳои миллии онҳо ба тоҷикон муаррифӣ мегардад. Таомҳои миллии покистонӣ таърихи куҳан доранд. Анъанаи таомҳои миллиашон бо зарфиятҳои хоси худ  фарқ мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки ин фестивал бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон

Июль 11, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад