Дар Тоҷикистон лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 02.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имсол Фонди байналмиалии рушди кишоварзӣ (ИФАД) дар Тоҷикистон таҳияи тарҳи лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ»-ро ба анҷом мерасонад. Дар ин хусус 30 июн, зимни вохӯрии Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода бо ноиби Президенти Фонди байналмиалии рушди кишоварзӣ Жерардин Мукешимана иттилоъ дода шуд.
Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, вохӯрӣ дар ҳошияи 44-умин Конфронси Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид доир шуд.
Дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои устувории лоиҳаҳои баанҷомрасидаи Фонди байналмиалии рушди кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва саҳми онҳо дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми ноҳияҳои пилотӣ ва рафти татбиқи лоиҳаҳо мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба таҳияи тарҳи лоиҳаи нави Фонди байналмиалии рушди кишоварзӣ лоиҳаи «Барномаи кишварии стратегии Фонди байналмиалии рушди кишоварзӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2026-2030» ва тарҳи лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозор ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ»-ро баррасӣ намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ доир ба соҳаи моҳипарварӣ дар Тоҷикистон, баланд бардоштани таъмини физиологии аҳолӣ бо гӯшти моҳӣ, инчунин рушди иқтидори содиротии ин соҳа ва маблағгузории лоиҳаи нав дар самти моҳипарварӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд






