Дар Токио машваратҳои сиёсии байниидоравии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 10.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 8 июл дар шаҳри Токио даври навбатии машваратҳои сиёсии байниидоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон баргузор шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ин машваратҳо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини Вазири корҳои хориҷӣ Фаррух Шарифзода ва ҷониби Ҷопонро Намояндаи махсуси Вазорати корҳои хориҷии Ҷопон оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаноби Масаки Ишикава раҳбарӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопонро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башардӯстона, инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мавриди баррасии муфассал қарор доданд.
Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид






