Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» баррасӣ гардид

Июль 11, 2025 08:41

ДУШАНБЕ, 11.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 10 июли соли равон вохӯрии муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Аҳлиддин Нуриддинзода бо Роҳбари нави шуъбаи кишварҳои Осиёи Марказии Комиссияи Аврупо хонум Шарлот Адриен баргузор шуд, ки зимни он ҷонибҳо татбиқи ташаббуси ҷаҳонии «Global Gateway» ва густариши ҳамкорӣ  дар самтҳои энергетикаи сабзро баррасӣ намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар доданд.

Аҳлиддин Нуриддинзода изҳор дошт, ки бо роҳнамоии сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Комиссияи Аврупо, ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо тавсеа ёфта, ба сатҳи сифатан нав баромад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба нақлиёт, рақамикунонӣ, идоракунии захираҳои об ва ҳамкории минтақавӣ, инчунин ҷараёни Созишномаи шарикӣ ва ҳамкории тавсеаёфта (СШҲТ)-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Ҷониби Тоҷикистон изҳор намуд, ки дар партави натиҷаҳои сафари Комиссари Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Ҷозеф Сикела ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саммити якуми сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо, ба тавсеаи ҳамкорӣ такони ҷиддӣ бахшида, заминаи ҷалби маблағгузории грантӣ ва қарзии навро фароҳам оварданд.

Дар робита ба ин, Аҳлиддин Нуриддинзода дастгирии минбаъдаи Комиссияи Аврупоро ҷиҳати ҷалби манбаъҳои маблағгузорӣ ва дастгирии техникию молиявӣ барои сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар чаҳорчӯби ташаббуси Global Gateway муҳим арзёбӣ намуд.

Дар посух ба пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон, хонум Шарлот Адриен омодагии худро ҷиҳати баррасии роҳҳои дастгирии лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла дар самти энергетикаи барқароршаванда, нақлиёт ва обу иқлим баён намуда, аҳамияти таҳкими заминаи шартномавӣ тавассути СШҲТ ва истифодаи васеи имкониятҳои ташаббуси «Global Gateway»-ро таъкид намуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ба аҳамияти таҳкими ҳамкории иқтисодӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва идомаи муколамаи сатҳи баланд байни  Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таъкид намуда, омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 11, 2025 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт
Эмомалӣ Раҳмон: «Бо саҳми соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ навсозӣ гардида, 273 пул бунёд гардид»
Ҷамшед Ҷумахонзода: «Соҳаи сайёҳӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон табдил ёфтааст»
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ чун давлати дорои суръати баланди рушди иқтисодӣ шинохта шуд»