ДАРАИ АЛМОСӢ. Аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун мавзеи беназири таърихии кишоварзӣ этироф гардид
ДУШАНБЕ, 10.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дараи Алмосии шаҳри Ҳисори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ягона маконест, ки аз ҷониби Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид ба «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» эътироф гардид.
Бояд гуфт, ки ба низоми мероси кишоварзии Созмони озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мавзеъҳое дохил мегарданд, ки онҳо аз ҷиҳати кишоварзӣ, гуногунии биологӣ ва фарҳангӣ аз дигар мавзеъҳо фарқ мекунанд.
Тоҷикистон на танҳо дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аввалин мамлакате мебошад, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дорои низоми беназири таърихии кишоварзӣ, ки гуногунии баланди биологӣ, устувории экосистема ва мероси миллии фарҳангиро муттаҳид мекунад, эътироф гардидааст.
Директори Раёсати масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, гуногунии биологӣ ва муҳити зист дар Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Каве Заҳедӣ дар ҷаласа чунин иброз намуд: «дар ҳоле ки мо бо буҳрони иқлимӣ ва талафоти гуногунии биологӣ муқовимат менамоем, баланд бардоштани устуворӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологӣ ва тарғиби намудани агроозуқаворӣ ҷиҳати ҳалли ин мушкилот аҳамияти бештар пайдо мекунад».
Дараи Алмосӣ, ки дар минтақаи кӯҳии шаҳри Ҳисор ҷойгир аст, як низоми кишоварзии нодирро ташкил медиҳад, ки дар он чорводорӣ ва парвариши зироати кишоварзӣ якҷоя амал мекунанд. Дар ин ҷо навъҳои маҳаллии гандум, ҷав, сабзавот ва ангур, бахусус тойифии гулобӣ парвариш меёбанд, ки аз он шарбату мавиз ва нӯшокиву шароб истеҳсол мекунанд. Ҳамчунин дар минтақа гӯсфандони ҳисорӣ, ки ба шароити сахти иқлим мутобиқанд, парваришу нигоҳубин мешаванд.
Дараи Алмосӣ ба яке аз манотиқи ҷолиби табиӣ ва гиёҳшиносии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо зебоии нотакрор ва захираҳои шифобахш ин минтақа таваҷҷуҳи мутахассисон, табибон ва сайёҳонро низ ба худ ҷалб намудааст.
Бино ба иттилои Маркази таҳқиқоти гиёҳшиносӣ, дар ин дара зиёда аз 20 навъи гиёҳҳои шифобахш, аз ҷумла кокути кӯҳӣ, насрин, пудина ва мастакӣ мерӯянд, ки барои табобати бемориҳои гуногун истифода мешаванд.
Тавре аз Кумитаи хифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар мавзеи мазкур ҳайвоноту парандаҳо, аз қабили хуки ёбоӣ, харгӯш, гург, хирс, шағол, кабк, кафтарҳои саҳроӣ, ғоз ва ғайра сукунат доранд.
Дараи Алмосӣ дар 20-километрии ғарби Душанбе воқеъ буда, дар байни дарёҳои Қаратоғ ва Хонақоҳ, дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир аст.
Дара як қисми мамнӯъгоҳи олами ҳайвонот ба ҳисоб рафта, масоҳати 6,000 гектарро дар бар мегирад, ки дар баландии то 2100 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст.
Дастрасӣ ба ин минтақа нисбатан осон аст. Роҳ аввал аз деҳаи калони Алмосӣ мегузарад, ки он ба деҳаҳои хурд-хурд тақсим шудааст. Аз он ҷо роҳ ба водии Хонақоҳи куҳӣ мебарад ва баъди он ба табиати вуҳуш ва дурдасти қаторкӯҳҳои Ҳисор мерасад.
Манзараи ин ҷо ба таври ҳайратангезу зебо боқӣ мондааст, ки онро бешазори арчаҳо, пиряхҳо ва чарогоҳҳои кӯҳӣ фаро гирифтааст. Баръакси дараҳои маъмултарин, дар Алмосӣ сохтмоне дида намешавад, ки ин ба сайёҳон озодии хайма задан ва дар соҳили дарё истироҳат карданро муҳайё месозад. Зебогии ин мавзеъ ҳамчун гавҳари ниҳонӣ барои онҳое, ки мехоҳанд худро дар оғӯши табиат эҳсос намоянд макони хубе хоҳад буд, ки аз манзараҳои нотакрор ва обу ҳавои дилфиребаш як ҷаҳон лаззат бубаранд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС аз Дидор Саъдуллоев








ЗЕҲНИ СУНЪӢ: ТАЪРИХ, ИМКОНИЯТ ВА МАСЪУЛИЯТ. Андешаҳо оид ба ин мавзуъ
Таъсиси Маркази миллии маълумоти зондкунии фосилавии Замин дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд
Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо ЮНИСЕФ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон – 2026 доир мегардад
РАШТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба нақши сиёсати давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоии ин ноҳия
Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидори амалкунанда беш аз 100 ҳазор зиёд гардидааст
Дар Тоҷикистон дар 25 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 122 баробар афзоиш ёфтааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Истиқлоли давлатиро бошукуҳ таҷлил намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Даромади буҷети давлатӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ беш аз 250 баробар зиёд гардид»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «То соли 2037 Тоҷикистонро пурра ба кишвари «сабз» табдил медиҳем»
РОҲИ 35-СОЛАИ НИЗОМИ БОНКИИ ТОҶИКИСТОН: аз бунёди низоми мустақили бонкӣ то бонкдории рақамӣ
РУШДИ САНОАТ. Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Душанбе ба маркази воқеии саноат, савдо ва хизматрасонӣ табдил ёфт






