Даври ниҳоӣ дар баландӣ. Дар Бадахшон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
ДУШАНБЕ, 21.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон марҳилаи ниҳоии мусобиқаи васеъмиқёси кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол» баргузор шуд. Беҳтарин майдонҳои варзишии Хоруғ ба майдонҳои бозиҳои ҷолибу рангин, ки дар он ҷо даҳҳо дастаҳо аз ноҳияҳои гуногун вохӯрданд, табдил ёфтанд. Дар бозиҳои даври ниҳоии мусобиқа дар Хоруғ Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот иштирок намуд.
Мусобиқаи футбол моҳи май оғоз ёфта, ҳашт шаҳри бузургтарини ҷумҳуриро фаро гирифт. Бозиҳо дар Бохтар, Кӯлоб, Файзобод, Ҳисор, Душанбе, Истаравшан, Хуҷанд баргузор шуда, дар пойтахти баландкӯҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон анҷом ёфтанд. Давоми ду моҳ дар мусобиқа зиёда аз 3 000 нафар писарони аз 8 то 12-сола, хонандагон, тарбиятгирандагони сексияҳои варзишӣ ва дӯстон, ки футбол барояшон орзуи дерина гардидааст, иштирок намуданд.
«Ман ҳеҷ гоҳ фикр намекардам, ки дар майдони воқеӣ, бо либоси варзишӣ, дар назди тамошобинон бозӣ мекунам. Ин рӯзи беҳтарини ҳаётам буд! Ҳоло ба таври ҷиддӣ тамрин менамоям», — баён дошт таассуроташро Комрон Юсуфбекови 11-сола аз Хоруғ.
Фазои идонаро шарики мусобиқа ширкати «Яхмоси 33», ки ба тамоми иштирокчиёни даври ниҳоӣ яхмос тақсим намуд, фароҳам овард. Ин барои дар ҳақиқат пайдо намудани руҳияи тобистона ва шодмонӣ кумак кард.
Ба сифати ташкилкунандаи мусобиқа ширкати «МегаФон Тоҷикистон» бо дастгирии Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон баромад намуд. Ба ғайр аз қисми варзишӣ кӯдаконро туҳфаҳо интизор буданд. Барои ҳамаи меҳмонон аз ҷониби оператор макони рақамие ташкил карда шуд, ки дар он ҷо онҳо дар бораи функсияҳои муфиди замимаи мобилии «МегаФон Life» маълумот пайдо карданд.
«Мо дар ҳар минтақа ҷашни футбол ташкил кардем, аммо баргузории даври ниҳоӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон басо рамзӣ аст. Дар Помир кӯдакони бениҳоят боистеъдод зиндагӣ мекунанд ва мо хурсандем, ки тавонистем онҳоро дастгирӣ намоем. Итминон дорам, ки дар байни ин бачаҳо ситораҳои ояндаи футболи тоҷик қарор доранд!»,-иброз дошт директори раёсати минтақавии ширкати «МегаФон Тоҷикистон» дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раим Саданшоев.
Директори Лигаи футболи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Абдулло Соқиев гуфт, ки «футбол – на танҳо бозӣ, балки тарбияи хислат аст. Дар майдон кӯдакон кори даставӣ, интизом, маҳорати пирӯз шуданро аз худ менамоянд, вале агар мағлуб шаванд, пас сазовору бо сари баланд. Мо ифтихор дорем, ки дар якҷоягӣ бо ширкати «МегаФон Тоҷикистон» тавонистем лоиҳаеро амалӣ созем, ки дар он ҳар кӯдак худро шахси муҳиму зарурӣ эҳсос намуд».
Лоиҳаи «МегаФон Life дар сабки футбол» ба Рӯзи ҷаҳонии футбол, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси президенти CAFA ва Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ таъсис дода шудааст, бахшида шуд.
АКС: ширкати МегаФон Тоҷикистон








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






