Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамкориро бо Бунёди Ҳаннс Зайдел тақвият медиҳад
ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавсеаи ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Бунёди Ҳаннс Зайдел дар мулоқоти Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ва Директори минтақавии Бунёди Ҳаннс Зайдел оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Константин Блашке дар Душанбе баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ташкили чорабиниҳои илмию омӯзишии муштарак табодули афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба имконияти ҷалби донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон ба барномаҳои стипендиявии Бунёд дар самти идоракунии давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ ва таҳкими ҷомеаи шаҳрвандӣ равона карда шуд.
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон омодагии худро барои таҳкими ҳамкории судманд бо Бунёди Ҳаннс Зайдел, аз ҷумла дар самти такмили ихтисоси ҳайати профессорону омӯзгорон ва муҳайё сохтани шароит барои таҳсили донишҷӯёну магистрантон дар хориҷи маммлакат иброз намуд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, аз ҷумла ташкили конфронсҳо, форумҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳои илмии муштарак, инчунин рушди барномаҳои табодули академӣ ба мувофиқа расиданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд






