Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Чин дар самти коркарди партовҳо ва ҳифзи захираҳои табиӣ лоиҳаи муштаракро амалӣ менамояд
ДУШАНБЕ, 25.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи густариши ҳамкории байналмилалӣ ва фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ лоиҳаи муштараки илмӣ бо Институти ҳифзи захираҳои хок ва оби Академияи илмҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Вазорати захираҳои оби Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид. Дар ин хусус ректори Донишгоҳи техникӣ Қудрат Давлатзода 23 июл зимни нишасти матбуотӣ ибрози назар намуд.
Ба иттилои Қудрат Давлатзода, ин лоиҳа ба масъалаҳои мубрами рӯз — коркарди партовҳо, пешгирии эрозияи хок ва истифодаи самараноки захираҳои хок ва об дар шароити тағйирёбии иқлим ва таъсири фаъолияти инсон равона гардидааст. Устодони кафедраи «Бехатарии фаъолияти инсон ва экология» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Чин лоиҳаи инноватсионие таҳия намудаанд, ки дар доираи он на танҳо гузаронидани таҳқиқоти муштараки илмӣ, балки муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои донишгоҳ бо таҷҳизоти муосир низ ба нақша гирифта шудааст.
Лоиҳа истифодаи усулҳо ва воситаҳои муосири мониторинг, аз ҷумла дронҳои таълимиро, ки имкони мушоҳидаи дақиқи манбаъҳои ифлосшавии муҳити зистро фароҳам месозанд, дар бар мегирад. Бар асоси маълумот, стратегияҳои нав барои кам кардани партовҳо ва коркарди дубора таҳия ва татбиқ хоҳанд шуд.
«Ин ҳамкории илмӣ бо яке аз муассисаҳои бонуфузи илмии Чин қадами муҳим дар рушди иқтидори таҳқиқотии донишгоҳ, ҷалби технологияҳои инноватсионӣ ва омӯзиши таҷрибаи пешрафта дар самти ҳифзи муҳити зист маҳсуб мешавад»,-гуфт ректори донишгоҳ.
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст






