Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд

Июль 4, 2025 10:46

ДУШАНБЕ, 04.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Манома мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн (қароргоҳ дар Риёз) Акрам Каримӣ бо Вазири саноат ва тиҷорати Баҳрайн  Абдуллоҳ Фахру баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон бо Баҳрайн дар бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва нақлиёту логистика баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо дар бораи роҳҳои афзоиши гардиши савдо байни ду давлат табодули назар намуданд.

Дар ин замина баргузории ҷаласаи якуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Баҳрайн оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникӣ муҳим дониста шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 4, 2025 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд