Фаъолияти марказҳои «Тоҷикстандарт» дар вилояти Суғд тақвият меёбад

Июль 19, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 19.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. Директори Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмон Исломиддин бо раванди фаъолияти раёсатҳои «Тоҷикстандарт» дар вилоят Суғд шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин агентӣ хабар медиҳад.

Аз ҷумла, дар Маркази «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Хуҷанд бо вазъи ҳуҷраҳои корӣ, озмоишгоҳҳои ташхиси маҳсулот ва дастгоҳҳои истифодашаванда шинос шуда, барои мусоидат ба таъмини бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, рақобатпазирӣ ва содироти молу маҳсулот, таъмини дурустии ташхис ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони озмоишгоҳҳои ташхисӣ супоришҳои дахлдор дода шуд.

Иброз гардид, ки баланд бардоштани савияи дониши мутахассисони соҳа, таъмини таҷҳизоти муосири озмоишӣ ва истифодаи таҷрибаи пешрафта дар замони муосир талаботи асосӣ мебошад. Вобаста ба ин, пайваста барои мутахассисон ҷиҳати такмили ихтисос ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо машғулияти омӯзишӣ гузаронида мешавад.

Директори Агентии «Тоҷикстандарт» инчунин бо раванди фаъолияти озмоишгоҳҳои хӯрокворӣ ва ғайрихӯроквории Маркази «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Истравшан шинос шуд. Таъкид гардид, ки имрӯз бояд ба дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва дар ин замина таъмини рақобатпазирии маҳсулот, ҳимояи бозори истеъмолӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва муҳлати истеъмолашон гузашта, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, таъмини бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайрихӯрокворӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода шавад.

АКС: Агентии «Тоҷикстандарт»

Июль 19, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон нахустин маротиба Форуми байналмилалии саноати ангишт доир мегардад
Дар Шаҳринав нақшаи ҷамъоварии пахта 187,4 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ кишти тиромоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон Барномаи савдои электронӣ ба бахши муҳими иқтисодиёт табдил ёфтааст
«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд