Гурӯҳи корӣ бо истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ дар Деҳободи ноҳияи Шаҳринав шинос шуд
ДУШАНБЕ, 19.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ бо сокинони Ҷамоати деҳоти Чусти деҳаи Деҳобод вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.
Гурӯҳи корӣ бо заминҳои наздиҳавлигии шаҳрвандон, истифодаи самараноки заминҳо ва истеҳсолу захираи маводи хӯроквории ҳар хонадони деҳа шинос шуд. Зимни суҳбат бо сокинон оид ба масъалаҳои гирифтани ду-се ҳосил аз як замин ва беҳтар намудани шароити иқтисодии оилаҳо ба шаҳрвандон дастуру тавсияҳои судманд дода шуд.
Рушди кишоварзӣ ва аз ин ҳисоб болоравии сатҳи зиндагии мардум аз муносибати оқилона ба замин вобаста аст. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯриву суҳбатҳо бо аҳли ҷомеа оқилона ва самаранок истифода бурдани заминро пайваста таъкид менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав








Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад






