Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
ДУШАНБЕ, 03.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 1 июли соли равон гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода бо ҷараёни корҳои сохтмонии иншоот ва манзилҳои навбунёди аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ сохтмончиён ва масъулин ҷиҳати бо сатҳу сифати баланд ва дар муҳлати муайяншуда ба анҷом расонидани корҳои сохтмонии иншоот, аз ҷумла мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ таъкид гардиданд. Масъалаи омодагӣ ҷиҳати ба истифода додани манзилҳои нави истиқоматӣ ба зарардидагон низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки 13 апрел, соати 09:24 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Қувваи ларзиши замин дар марказаш, ки дар километри 160-уми самти шимолу шарқ аз шаҳри Душанбе ва километри 21-уми самти шарқ аз маркази ноҳияи Рашт қарор дошт, 5-6 балл ва дар шаҳри Душанбе 3 баллро ташкил дод. Бар асари заминларза дар ноҳияҳои Рашт 34 хонаи истиқоматӣ пурра вайрон шуда, 72 хона қисман зарар дида, ба 89 хонаи дигар осеби сабук ва ба 65 иншооти ёрирасон зарар расидааст.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИҶЛОСИЯИ XVI – ЗАМИНАИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРӢ, ҚОНУНИЯТ ВА АДОЛАТИ СУДӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар Норак осоишгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид
АЗ НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ТО ЗАХИРАИ СӮЗИШВОРӢ. Муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон ба зимистони солҳои 2026–2027 омода мебошанд
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд
Дар Тоҷикистон рақамикунонии низоми нафақа тақвият меёбад
Дар Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба ифтихори Рӯзи Президент дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳафтаи ҷашниро ифтитоҳ намуд
ПРЕЗИДЕНТ — РАМЗИ ВАҲДАТ, СУБОТ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ ҳамоиши сиёсиву фарҳангӣ баргузор шуд






