Гурӯҳи коршиносон ба ҷаласаи шашуми СҲШ оид ба ҳифзи муҳити зист омодагӣ мегирад
ДУШАНБЕ, 03.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 июл дар шаҳри Тянтсини Чин таҳти раёсати ҷониби Чин ҷаласаи гурӯҳи коршиносон оид ба омодагӣ ба ҷаласаи шашуми роҳбарони вазорату идораҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/, ки барои ҳифзи муҳити зист масъуланд, дар ҳайати омехта баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Пекин хабар доданд, дар ҷаласа ҷанбаҳои моҳиятӣ ва ташкилии омодагӣ ба чорабинии дарпешистодаи вазирон, аз ҷумла тасдиқи лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ, аз қабили Баёнияи муштарак ва Ташаббус оид ба таҳкими ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи рушди устувор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷчуҳи махсус ба пешбурди технологияҳои сабз ва каммасраф, рушди устувор, инчунин ҳамкории амалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист зоҳир карда шуд.
АКС: Котиботи Созмони ҳамкории Шанхай дар Пекин








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






