Густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахши сайёҳӣ баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 20 июл дар Манома Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Баҳрайн Акрам Каримӣ бо қароргоҳ дар Риёз бо Вазири сайёҳии Баҳрайн Фотима Ас-Сайрафӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахши сайёҳӣ баррасӣ шуданд.
Дар ин замина ҷонибҳо мубодилаи мунтазами боздидҳои ҳайатҳои расмии мақомоти сайёҳии ду давлатро мувофиқи мақсад донистанд. Ташкили форумҳои сайёҳии муштарак ҷиҳати муаррифии имконияти сайёҳии Тоҷикистон барои сайёҳони баҳрайнӣ муҳим арзёбӣ гардид.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








COP31. Ҳайати Тоҷикистон дар ифтитоҳи Павилиони «Об барои иқлим» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири тиҷорат, саноат ва пешбурди сармоягузории Умон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд






