Густариши ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати байналмилалии Visa баррасӣ гардид

Июль 31, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 31.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати байналмилалии «Visa International Service Association» зимни мулоқоти раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода бо ноиби президент ва директори минтақавии ширкати Visa дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Санжар Сулейманов, инчунин директор оид ба ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии кишварҳои Осиёи Марказии ин ширкат Жанна Дюсенбина дар Душанбе баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо вобаста ба масоили рушди хизматрасонии муосири рақамӣ, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тавассути кортҳои пардохтии низоми байналмилалии Visa табодули афкор намуданд.

Ширкати Visa бо мақсади таъмини дастрасии васеи аҳолӣ ба хизматрасонии молиявӣ, мусоидат ба вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар мамлакат, аз ҷумла иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» тибқи Нақшаи тиҷоратии рушди низоми пардохтии Visa дар Тоҷикистон ба роҳ мондан ва тавсеаи якчанд хизматрасонӣ ва технологияҳои нави пардохтро дар ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ, ки иштирокчии ин низоми пардохт мебошанд, пешбинӣ намудааст.

Таъкид гардид, ки хизматрасониҳои нави низоми пардохтии «Visa», ба монанди интиқоли маблағҳо бо рақамҳои телефонӣ Visa+, низоми Google Pay ва GarminPay тавассути телефонҳои дорои Android ва соатҳои ҳушманди Garmin, пешниҳоди кешбэк барои пардохтҳои тавассути Google Pay бо кортҳои Visa анҷомдодашуда ва кам кардани андозаи ҳаққи интерченҷ барои пардохти баъзе намудҳои хизматрасониҳои давлатӣ ба манфиати истифодабарандагон мебошад. Он ба зиёд гардидани ҳиссаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва оммавӣ гаштани воситаҳои муосири пардохт дар муомилоти пулии мамлакат мусоидат менамояд.

Дар фарҷоми мулоқот раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ташаббусҳои ширкати Visa International Service Association барои мусоидат ба рушду тавсеаи ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ истиқбол намуда, барои идомаи ҳамкории судманд дар самти рушди инфрасохтори муосири молиявӣ дар мамлакат изҳори омодагӣ намуд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июль 31, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 9.9500 то 10.2212 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.2200 то 10.2472 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2086 сомонӣ муқаррар гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1010 то 0.1126 сомонӣ муқаррар гардидааст
МАЪРИФАТИ МОЛИЯВӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Фестивали саводнокии молиявӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1020 то 0.1125 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1400 то 9.2093 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Душанбе самтҳои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии кӯдакону ҷавонон баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.0500 то 10.3287 сомонӣ муқаррар шудааст